тавонгарӣ — [توانگري] давлатмандӣ, сарватдорӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ғанӣ — [غني] а. бой, давлатманд, доро, тавонгар, сарватманд; дорои ҳама чиз, бениёз; синфи ғанӣ синфи доро, синфи тавонгар; ғанӣ кардан бой гардонидан; ғанӣ шудан доро гаштан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бонаво — [بانوا] он ки хӯроку пӯшок ва дигар чизҳои барои зиндагӣ зарурро дорад, тавонгар, давлатманд, некӯаҳвол; муқоб. бенаво … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
-гар — [گر] пасванди калимасоз, ки бо калимаҳо ҳамроҳ омада, маъноҳои зеринро медиҳад: 1. кунанда, дорандаи касбу шуғле: коргар, барзгар, ситамгар 2. созандаи чизе: заргар, дуредгар, оҳангар 3. соҳиб, дорандаи чизе: тавонгар … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гов — [گاو] 1. чорпои шоху сумдори ширдеҳи маъруф, гав; аз гови шохзан оғили холӣ беҳ (зарб); гови дӯшоӣ // гови ҷӯшоӣ модагови ширдеҳ; гови Замин гови афсонавӣ, ки гӯё Замин дар шохҳои он, худи гов болои моҳӣ ва моҳӣ ба рӯи об қарор гирифта будааст;… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ғано — [غنا] а. кит. давлатмандӣ, боигарӣ, тавонгарӣ; арбоби ғано аҳли сарват, давлатмандон … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
доро — [دارا] 1. доранда, тавонгар, соҳиб, молик; дорои хату савод соҳиби савод, босавод; дорои чизе будан чизеро фарогиранда будан, ҳовии чизе будан 2. сарватманд, бодавлат: одами доро, синфи доро … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дороӣ — I [دارائي] давлатмандӣ, тавонгарӣ; боигарӣ, сарват, чизу чора, молу мулк II [دارائي] :ангури дороӣ ангури пешпазаки сафеду сурхчаранги пӯсташ тунук … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дунёдор — [دنيادار] маҷ. тавонгар, соҳиби молу давлат … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
қавиҳайкал — [قوي هيکل] тануманд, қавипайкар, тавонгар … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ